ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шакли нави муколамаро роҳандозӣ мекунанд

ASIA-Plus

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ахири ҳафтаи гузашта бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари собиқи шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби нав дидору гуфтушунид карда, намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби дар ин робита изҳор доштааст, ки минбаъд баррасии масоили таваҷҷуҳи умумии ИМА ва ин кишварҳо дар чунин шакл дар назар аст. Бино ба иттилои […]



Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ахири ҳафтаи гузашта бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари собиқи шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қолаби нав дидору гуфтушунид карда, намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби дар ин робита изҳор доштааст, ки минбаъд баррасии масоили таваҷҷуҳи умумии ИМА ва ин кишварҳо дар чунин шакл дар назар аст.

Бино ба иттилои

РИА Новости

, дар шаҳри Ню-Йорк Керри бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот карда, «ба оғози шакли нави муколамаи минтақавӣ миёни котиби давлатӣ ва ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ асос гузошт».

«Котиби давлатӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ масъалахои тарзи кори муштарак дар мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва рушди иқтисодиро баррасӣ карданд», – иброз доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА.

Ҷон Керри ба ҳамтоҳои худ итминон додааст, ки сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ «ба амнияти миллии ИМА робитаи зич дорад».

Хабаргузории

ТАСС

дар ин робита менависад, дар доираи мулоқоти ин гурӯҳ вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Зимни мулоқот зикр гардидааст, ки беҳбуди робитаҳо миёни иқтисодҳои ин минтақа ва кишварҳои боқимондаи Осиё ва Аврупо ба пешравӣ ва рушди осоишта мусоидат мекунад.

«Котиби давлатӣ ва вазирон бобати баррасии имкони баргузории мубоҳисаҳои минбаъда дар шакли С5+1 дар ояндаи наздик ба сифати илова ба робитаҳои дуҷонибаи мавҷуда ба мувофиқа расиданд», – афзудааст Кирби.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.