Дастаи «Истиқлол» ба Кувайт раҳсипор шуд

Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28 сентябр ба Кувайт раҳсипор шуд. Дар ин кишвар футболбозони тоҷик дар вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 бо ғолиби секаратаи ин мусобиқа – дастаи «Кувайт» (Кувайт)-и бозӣ мекунанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ситоди мураббиёни бошгоҳи Тоҷикистон ба ҳайати даста […]

Аваз Юлдошев



Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28 сентябр ба Кувайт раҳсипор шуд. Дар ин кишвар футболбозони тоҷик дар вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 бо ғолиби секаратаи ин мусобиқа – дастаи «Кувайт» (Кувайт)-и бозӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ситоди мураббиёни бошгоҳи Тоҷикистон ба ҳайати даста 16 нафар бозигаронро шомил сохтааст, ки ба ин вохӯрӣ омодагӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои Кувайт» – «Истиқлол» рӯзи 30 сентябр дар варзишгоҳи Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:20 ба вақти Душанбе аст.  


Ҳайати дастаи «Истиқлол» барои бозӣ бо тими «Кувайт»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов;

Нимҳимоятгарон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов,  Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.