Ҳаҷми кумакҳои беруна ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон 3 маротиба кам шуд

Дар муқоиса бо соли 2014 соли ҷорӣ ҳаҷми уҳдадориҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон оид ба кумак баҳри рушди бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон ба андозаи 3 маротиба коҳиш ёфт. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2015 ҳаҷми уҳдадориҳои шарикони рушд […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо соли 2014 соли ҷорӣ ҳаҷми уҳдадориҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон оид ба кумак баҳри рушди бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон ба андозаи 3 маротиба коҳиш ёфт.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли 2015 ҳаҷми уҳдадориҳои шарикони рушд оид ба кумак ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон каме бештар аз 8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байнулмилалии мададрасон дар ҳаҷми беш аз 21,3 млн. доллари ИМА ё худ 5,4% аз ҳаҷми умумии ёрӣ ба ҷумҳурӣ кумак расонида буданд.

«Дар давраи солҳои 2002-2007 ҳаҷми кумак ба ба бахши хусусӣ ба ҳадди ниҳоии худ дар соли 2005 (15 млн. доллари ИМА) расида, солҳои минбаъда коҳиш ёфт ва соли 2007 то 2,8 млн. доллари ИМА поин рафта, шурӯъ аз соли 2008 тамоили афзоиши кумак ба бахши хусусӣ ва саноат ба мушоҳида расид», – гуфтанд дар Кумита.

Таъкид шуд, ки аз соли 2009 кумак ба бахши хусусӣ ва саноат танҳо дар шакли грантҳо сурат мегирад, ки то соли 2014 ҳаҷми онҳо ҳамасола афзоиш меёфт.

Зимнан зикр гардид, ки ба бахши хусусӣ ва саноати Тоҷикистон дар ин давра нисбатан бештар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир дар ҳаҷми беш аз 9,2 млн., ҳукумати Олмон – ҳудуди 3,4 млн. ва Итиҳоди Аврупо ба маблағи 830 ҳазор. доллари ИМА кумак расонидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.