Далелҳои нав ба нави қаллобиҳои адвокат Бузургмеҳр Ёров

Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиатҳои навбатӣ нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷи-зода Фирдавс, сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Ёров Бузургмеҳр Равшанович бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, аввалҳои моҳи марти соли 2012, ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, […]

ASIA-Plus



Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиатҳои навбатӣ нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷи-зода Фирдавс, сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Ёров Бузургмеҳр Равшанович бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, аввалҳои моҳи марти соли 2012, ба боварии шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович, сокини шаҳри Роғун даромада бо суиистифода аз боварӣ барои корҳои шахсияш ба мӯҳлати кӯтоҳ аз ӯ 200 доллари амрикоӣ дархост намудааст. 

Одинаев Эмомалӣ Талбакович шахсияти Ёров Бузургмеҳрро ба инобат гирифта, ба охирин маблағи зикргардидаро дастрас менамояд. Ёров Б. новобаста аз он, ки шароити вазнини Одинаев Эмомалиро медонист, ӯро пайваста сарсону саргардон намуда, то  ҳол маблағи гирифтаашро бар нагардонидааст.

Ёров Б. маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Одинаев Э.Т. зарари калони моддӣ ба маблағи 200 (дусад)  доллари амрикоӣ расонидааст.

Ёров Б.Р. санаи 24 апрели соли 2011 бо роҳи фиреб, бо суистифода аз боварӣ бо ваъдаи он, ки аз ҷиҳати қонунӣ дар қатъ намудани парвандаи кофтуковӣ нисбати падараш Қодирқулов Насим Ҳоҷиевич оғозгардида, мусоидат менамояд, аз шаҳрванд Ҳоҷизода Фирдавс маблағи пулӣ дар ҳаҷми 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст.

Ёров Б. маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷизода Фирдавс зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаҳои қаллобии гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки дар вақти мусодира намудани амволи ӯ зарари ба онҳо расонида шуда, барқарор карда шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур нисбати гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чанде пеш Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) аз боздошти адвокат Бузургмеҳр Ёров

нигаронӣ изҳорӣ намуда

, қайд кард, ки айбномаҳо нисбати Ёров яқинан ангезаи сиёсӣ дошта, ҳадаф аз он маҳдуд сохтани дастрасии адвокат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як маълумот адвокат Бузургмеҳр Ёровро 

ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд

муттаҳам кард. Рӯзи дигар ВКД оид ба 

далелҳои нави қаллобии адвокат

 хабар дод. Санаи 1 октябр бошад, ВКД 

сабаби барканор шудани адвокат

 Бузургмеҳр Ёров аз кор дар мақомоти милисаро шарҳ дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.