Вохӯрии панҷуми «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» дар бозии финалии Ҷоми футбол

Соли панҷум аст, ки пайдарпай дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 1 октябр дар бозии ҷавобии даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ дастаи КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 3 бар […]

ASIA-Plus



Соли панҷум аст, ки пайдарпай дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 1 октябр дар бозии ҷавобии даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ дастаи КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дода, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Вохӯрии ин дастаҳо дар бозии аввал мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки дар бозии дигари даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ду маротиба дастаи «Равшан»-и Кӯлобро шикаст дод.

Ҳамин тариқ, рӯзи 25 октябр дар бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» қувваозмоӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.