Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон: Бузургмеҳр Ёров узви коллегия нест

Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ҳанӯз то замони ҳабси адвокат Бузургмеҳр Ёров рӯзи 14 август дар бораи узви ин коллегия набудани Ёров маълумот интишор намуда буд. Ҳамин тавр, тибқи маълумоти раҳбарияти Коллегия адвокатҳои Тоҷикистон, ҳанӯз 11 августи соли 2007 бо қарори президиуми ин ташкилот Бузургмеҳр Ёров аз ҳайати Коллегия хориҷ карда шудааст. Дар Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон гуфтанд, […]

Аваз Юлдошев



Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ҳанӯз то замони ҳабси адвокат Бузургмеҳр Ёров рӯзи 14 август дар бораи узви ин коллегия набудани Ёров маълумот интишор намуда буд.

Ҳамин тавр, тибқи маълумоти раҳбарияти Коллегия адвокатҳои Тоҷикистон, ҳанӯз 11 августи соли 2007 бо қарори президиуми ин ташкилот Бузургмеҳр Ёров аз ҳайати Коллегия хориҷ карда шудааст.

Дар Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон гуфтанд, замони боздошти Бузургмеҳр Ёров, санаи 27 сентябр ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо, ӯ адвокати Иттиҳодияи ҷамъиятии коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд.

Дар ҳамин ҳол, аз замони боздошт то имрӯз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар чанде аз маълумотҳои интишоркардаи худ аз адвокат ба сифати узви Коллегияи адвокатҳои ҷумҳурӣ ном мебарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.