Бордюжа: Тоҷикистону СААД ба пешгирии ҳама гуна кӯшишҳои ноамн сохтани вазъ имкон доранд

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯйдодҳои ахир дар минтақаи шимоли Афғонистон, дар вилояти Қундузи ин кишварро шарҳу тавзеҳ дод. «Мо вазъи мавҷударо пайгирӣ дорем. Тибқи маълумоти мавҷуда, дарвоқеъ ҳам ҷангиёни «Толибон рӯзи 29 сентябр шаҳри Қундузро тасарруф намуданд. Артиши Афғонистон амалиёти озод кардани шаҳрро оғоз намуда, айни замон тибқи маълумоти ҳукумати […]

ASIA-Plus



Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа рӯйдодҳои ахир дар минтақаи шимоли Афғонистон, дар вилояти Қундузи ин кишварро шарҳу тавзеҳ дод.

«Мо вазъи мавҷударо пайгирӣ дорем. Тибқи маълумоти мавҷуда, дарвоқеъ ҳам ҷангиёни «Толибон рӯзи 29 сентябр шаҳри Қундузро тасарруф намуданд. Артиши Афғонистон амалиёти озод кардани шаҳрро оғоз намуда, айни замон тибқи маълумоти ҳукумати расмӣ, шаҳр «аз террористон поккорӣ шудааст», – гуфтааст Бордюжа.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД,  Бордюжа гуфтааст, «чунин амали террористон гувоҳи омодагии пешвоёни онҳо ба амалҳои бузргумиқёси низомӣ буда, бешубҳа боиси нигаронии Созмон мебошад».

«Мо аз тамоили хатарноки ҷараёни рӯйдодҳо бевосита дар наздикии марзи кишварҳои узви СААД, ҳамагӣ 70 километр дуртар аз сарҳади Тоҷикистон беҳад нигаронем ва онро ҳамчун хатари воқеъӣ барои суботу амни минтақа арзёбӣ менамоем», – таъкид доштааст дабири кулли СААД.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки размоишҳои қаблии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Созмон нишон доданд, ки Тоҷикистону СААД барои таъмини дахлнопазирӣ ва ҳифзи марзҳо ва дар сурати зарурат пешгирии ҳам гуна кӯшишҳои ноамн сохтани вазъ дар минтақаи таҳти масъулияи Созмон қарордошта аз тамоми имконоту захираҳои зарурӣ бархӯрдоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.