Аз оғози сол нархҳо дар Тоҷикистон 4,7% боло рафтанд

Тӯли 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 4,7 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,8%-ро ташкил дода буд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 4,7 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,8%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт.

Гуфта мешавад, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби қиматшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 0,3 фоиз ва ғайриозуқа 1,5 фоиз ба амал омада, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ дар моҳи ноябр 0,4 фоиз паст гардид.

Қайд мешавад, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ вобастагӣ дошт.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,2 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ камтар мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда таваррум дар сатҳи 7% пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум дар соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.