Кӯчонида шудани беш аз 500 нафар осебдидагон аз Бартанг

Аз 11 то14 декабр аз водии Бартанги ВМКБ, ки аз заминларзаи рӯзи 7 декабр аз ҳама бештар зарар дид, тариқи чархболҳои Вазорати мудофиа ва ширкати «Тоҷик Эйр» беш аз 500 нфар осебдидагон ба макони бехавф кӯчонида шуданд. Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми аҳолии аз […]

ASIA-Plus



Аз 11 то14 декабр аз водии Бартанги ВМКБ, ки аз заминларзаи рӯзи 7 декабр аз ҳама бештар зарар дид, тариқи чархболҳои Вазорати мудофиа ва ширкати «Тоҷик Эйр» беш аз 500 нфар осебдидагон ба макони бехавф кӯчонида шуданд.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми аҳолии аз водии Бартанг кӯчонидашуда дар бинои мактабу хона ва клубҳои ноҳияи Рӯшон ҷойгир карда шуда, бо тамоми чизҳои зарурӣ – маводи ғизойӣ, сарулибос ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки шоми имрӯз кушода шудани роҳи Рӯшон – Бартанг дар назар аст, ки рӯзи 7 декабр бар асари сангреза баста шуда буд.

«Корҳои кумак ба осебидагон дар Бартангро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва дар Рӯшон муовини нахуствазир ва раиси комиссияи ҳукумат Азим Иброҳим ҳамоҳанг месозанд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, барои сохтмони манзилҳои нав барои аҳолии аз офат осебдидаи водии Бартанг воридоти масолеҳи сохтмон аз маркази ҷумҳурӣ ба маркази ноҳяи Рӯшон шурӯъ шудааст.

Қобили зикр аст, ки барои сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагон дар ҷамоат Басиди ноҳияи Рӯшон 50 гектар қитъаи замн ҷудо шуда, сохтмон аввали баҳор оғоз мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.