Бахшиши қарзи «Сангтӯда-1» ба хотири наҷоти «Барқи тоҷик»

Палатаи поёнии парлумон имрӯз бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйироту илова ворид намуд. Мутобиқи ин тағйироту иловаҳо, қарзи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз андоз дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 28 млн. сомонӣ аз эътибор соқит дониста шуд. Ғайр аз ин, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» соли […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумон имрӯз бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйироту илова ворид намуд.

Мутобиқи ин тағйироту иловаҳо, қарзи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз андоз дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 28 млн. сомонӣ аз эътибор соқит дониста шуд. Ғайр аз ин, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» соли оянда (соли 2016) низ аз пардохти андозҳо озод карда мешавад.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода изҳор дошт, ки қарори мазкури ҳукумат ба дастгирии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» аз ҷониби давлат нигаронида шудааст, ки айни замон ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст ва ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аллакай 513 млн. сомонӣ (ба санаи 1 декабр) қарздор шудааст. «Ҳамин тариқ, озод кардани нерӯгоҳ аз пардохти андозҳо ин қарзро ба миқдори 28 млн. сомонӣ камтар мекунад», – гуфт ӯ.

Муовини аввали вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» низ, ки бо сармоягузории Эрон сохта шудааст, дар ҳаҷми 295 млн. сомонӣ (ба санаи 1 декабр) қарздор аст.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон