Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 890 млн. $ кам шуд

Дар муқоиса бо 11 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи қариб 890 млн. доллари ИМА кам шуд. Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз […]



Дар муқоиса бо 11 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи қариб 890 млн. доллари ИМА кам шуд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,2% камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ 9,5% (84 млн. $) коҳиш ёфта, ҳамагӣ 803 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ – 11,8%, воситаҳои нақлиёт – 26,6%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он – 1,5% ва маҳсулоти растанӣ – 3,6% коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол 20,2% (894 млн. $) коҳиш ёфта, ба беш аз 3,1 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 54%, маҳсулоти минералӣ – 30%, чӯб ва маснӯот аз он – 28%, маҳслуоти растанӣ – 22% маълумот дод.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (беш аз 1 млрд. $), Чин (698 млн. $) ва Қазоқистон (ҳудуди 636 млн. $) дониста шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.