Интиқоли полки тирандозии Вазорати мудофиаи Русия аз Кӯлоб ба Душанбе

Хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки барои баланд бардоштани ҳолати омодабошии ҷангӣ полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии  пойгоҳи  низомии  201-уми Русия дар Тоҷикистон аз  шаҳри Кӯлоб ба Душанбе интиқол дода шуд. «Кӯчонидани воҳиди низомӣ баҳри беҳбуди ҳолати омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти ҷангии воҳиди ҳарбӣ дар муҳлатҳои қаблан бо Вазорати мудофиаи […]



Хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки барои баланд бардоштани ҳолати омодабошии ҷангӣ полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии  пойгоҳи  низомии  201-уми Русия дар Тоҷикистон аз  шаҳри Кӯлоб ба Душанбе интиқол дода шуд.

«Кӯчонидани воҳиди низомӣ баҳри беҳбуди ҳолати омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти ҷангии воҳиди ҳарбӣ дар муҳлатҳои қаблан бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мувофиқашуда анҷом дода шуд», – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки «пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он ҳам дар давраи ҷангу ҳам дар замони осоишта тағйир намеёбанд».

Гуфта мешавад, қабл аз кӯчонидани полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии Кӯлоб ба Душанбе иншооти ғайриманқули шаҳраки ҳарбӣ ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон супурда шуданд.

«Мактаби таҳсилоти умумии №7, мансуб ба Вазорати мудофиаи Русия, ки барномаи таълимиаш бо забони русӣ роҳандозӣ гардида буд, бо дархостҳои сершумори аҳолии маҳаллӣ ба фаъолияти худ дар Кӯлоб идома медиҳад», – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, воҳидҳои низомии полк «бо техникаи худ 250 километр раҳпаймоӣ намуда, дар қаламрави шаҳраки ҳарбӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ мустақар ва дар машқгоҳи Лоҳур ба машғулиятҳои омодабошии ҷангӣ пардохтанд».

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли равон Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дода буд, ки полки  149-уми  моторонидашудаи тирандозии  пойгоҳи  низомии  201-уми Русия дар Тоҷикистон аз  вилояти  Хатлон  ба шаҳри  Душанбе  ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур (25 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) кӯчонида мешавад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини ҳарбии ин мамлакат дар хориҷ аз кишвар мебошад. Давоми соли 2015 мушовирони Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода намуданд.

Моҳи сентябр ба имконоти пойгоҳ бо  гурӯҳи чархболҳои  Ми-8  ва  Ми-24  мустақар  дар фурудгоҳи  низомии «Айнӣ», дар  30  километрии  Душанбе тақвият бахшида шуд. Созишномае, ки  моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид, ба ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2042 имкон медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.