Гузориши БАОР: Муҳоҷират ба Русия барои тоҷикон эътибор пайдо кардааст

– Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия имрӯз натанҳо аз роҳи ноилоҷиву маҷбур сурат мегирад, балки он барои тоҷикон як эътиборе пайдо кардааст, – чунин мешуморанд таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР). «Сабаби аслии муҳоҷират зарурати кор кардани маблағ барои хароҷоти рӯзмарраи оила ва харидории маҳсулоти муҳлати истифодаашон дарозмуддат, сохтмони манзил, баргузор кардани тӯйҳо ва табобати […]



– Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия имрӯз натанҳо аз роҳи ноилоҷиву маҷбур сурат мегирад, балки он барои тоҷикон як эътиборе пайдо кардааст, – чунин мешуморанд таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

«Сабаби аслии муҳоҷират зарурати кор кардани маблағ барои хароҷоти рӯзмарраи оила ва харидории маҳсулоти муҳлати истифодаашон дарозмуддат, сохтмони манзил, баргузор кардани тӯйҳо ва табобати хешовандону наздикон аст», – қайд мешавад дар

гузориши

  БАОР таҳти унвони «Муҳоҷирати корӣ ва соҳаҳои меҳнатталаб дар Тоҷикистон ва Қирғизистон: имконот барои рушди инсонӣ дар Осиёи Марказӣ».

Дар гузориш зикр мегардад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба тамоми умр дар Русия монданро хоҳиш надоранд, аммо муҳоҷирати кории дарозмуддат ва такрорӣ дар ҳар мавсимро ихтиёр мекунанд.

Таъкид мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Русия бештар шаҳрҳои бузурге чун Маскаву Екатеринбург ва Санкт-Петербургро интихоб менамоянд.

Коршиносони БАОР бо истинод ба созмони Лигаи халқӣ «Тоҷикон» қайд мекунанд, ки дар Русия ҳудуди 1,5 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ки аз ин шумор танҳо 700-800 ҳазор нафарашон машғули коранд.

«Тоҷикистон кишвари аз ҳама бештар вобаста ба интиқоли маблағҳо аз хориҷи мамлакат аст: муҳоҷирон  ба ватан наздики 48% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар (World Bamk, 2013) маблағ интиқол медиҳанд. Ба қавли роҳбари Лигаи халқӣ «Тоҷикон»Каромат Шарипов, дар баробари ин ҳаҷми маблағҳои интиқолдода ҳамагӣ 13% аз ҳаҷми умумии даромадҳои онҳоро ташкил дода, дигар ҳамаи маблағи боқимонда дар Русия мемонад ва ба таъмини маишату рӯзгори худи муҳоҷирон масраф мешавад», – таъкид мешавад дар ин гузориш.

Дар ҳамин ҳол, бино ба

маълумоти

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 4 декабри соли равон 896 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки нисбат ба аввали сол тақрибан 103 ҳазор нафар камтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.