Анҷоми таҳқиқи ҳодисаи марги як тоҷикистонӣ дар Кумитаи тафтишоти Русия

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги зодаи Тоҷикистон Фаррух Урозов, ки рӯзи 18 сентябри соли 2014 дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия даргузашт, ба итмом расид. Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия , дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон се корманди шуъбаи кофтукови ҷиноии шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск – Станислав Дейкун, Андрей Чернишев […]



Тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги зодаи Тоҷикистон Фаррух Урозов, ки рӯзи 18 сентябри соли 2014 дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия даргузашт, ба итмом расид.

Бино ба иттилои сомонаи

Кумитаи тафтишоти Русия

, дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон се корманди шуъбаи кофтукови ҷиноии шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск – Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев гумонбар дониста мешаванд. Ба онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 111, қ. 4 (расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва 286, қ. 3, бандҳои «а», «б» ва «в» (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия айбнома пешниҳод шуд.


Радиои Озодӣ

дар мавриди ин ҳодиса менависад, Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекардааст. Фаррух Урозов субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.

Бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохта, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Сомонаи

Кумитаи зидди шиканҷаи Русия

 дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки бародари марҳум Илҳом Алихонов дар робита ба ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки кормандони пулис Фаррухро ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтарчаи 6-солаи ҳамсояашон боздошт кардаанд.

Баъди чанде кормандони пулси ӯ ва дӯсташ Фирдавс Сатторовро низ боздошт ва ба шуъбаи пулис мебаранд. Субҳи 18 сентябр онҳоро аз шуъаи пулис ҷавоб дода, баъди чанд соат онҳо огоҳ мешаванд, ки Фаррух даргузаштааст.

Ҳуқуқшиноси Кумитаи мазкур Сергей Бабинетс, ки аз манфиатҳои Илҳом Алихонов, бародари фавтида ҳимоя мекунад, изҳор доштааст, ки намояндагони Кумита дар амалҳои тафтишотӣ дар робита ба ин парвандаҳузур доштаанд.

«Пас аз тасдиқи хулосаи айбнома мо аз манфиатҳои ҷардида дар суд ҳимоя карданием. Ҳадафи мо ноил гардидан ба содир шудани ҷазои сазовор нисбати гунаҳкорони марги Урозов ва минбаъд ҷуброни зиёни маънавӣ ба наздикони Фаррух аст», – гуфтааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.