Боздиди сафири нави Чин аз дафтари кории ҲХДТ

Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода сафири тозатаъини Чин дар Тоҷикистон Юе Бинро ба ҳузур пазируфт. Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, фаъолияти ҲХДТ ва фраксияи он дар парлумон, рушди муносибатҳои ҲХДТ […]



Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода сафири тозатаъини Чин дар Тоҷикистон Юе Бинро ба ҳузур пазируфт.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, фаъолияти ҲХДТ ва фраксияи он дар парлумон, рушди муносибатҳои ҲХДТ бо Ҳизби коммунисти Чин, нақши аҳзоби дигари Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гиифт.

С.Фаттоҳзодаизҳори итминон кард, ки муносибатҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи Тоҷикистону Чин ҳам бар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ аз қабили Созмони ҳамкори Шанхай, амалисозии лоиҳа оид ба эҳёи Роҳи бузурги Абрешим ба манфиати ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Дар навбати худ дипломати чинӣ изҳори бовар кард, ки кишвари ӯ дар симои Тоҷикистон ва мардуми он шарики боэътимоду содиқро мебинад ва ӯ ҳамчун сафири Чин баҳри густариши бештари шарикии стратегии кишварҳо ҳамаҷониба саъйу талош хоҳад варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.