Даъвати дастгирӣ аз ташаббуси Э.Раҳмон оид ба тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ

Дар пойтахти Австрия шаҳри Вена Вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар Вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди […]

ASIA-Plus



Дар пойтахти Австрия шаҳри Вена Вохӯрии роҳбарони аршади шарикон оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар Вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя мавриди муҳокима қарор гирифтанд. .

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода намояндагӣ кард. Зимни суханронӣ роҳбари Агентӣ даъват аз он намуд, ки ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ карда шавад, ки он барои дида баромадан дар Сессияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ворид шуда буд.

Инчунин пешниҳод гардид, ки вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии минтақа барои муҳокима намудани масъалаҳо ва коркарди заминаи ягона барои дида баромадан дар Сессияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ташкил ва гузаронида шавад.

Дар чорчӯбаи чорабинӣ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, муовини Котиби генералии СММ Ю. Федотов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, рафти амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин вохӯрии Р. Назарзода бо як қатор роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Вена ҳамчунин рӯзи 15 декабр ҷаласаи 12-уми гурӯҳи машваратӣ дар сатҳи сиёсӣ дар чорчӯбаи Ташаббуси Пакти Париж баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.