Тоҷикистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба густариши ҳамкориҳо даъват кард

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)-ро ба густариши ҳамкориҳои мутақобилаи минтақавӣ дар бахшҳои гуногун даъват намуд. Аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии СҲИ дар Теҳрон Эмомзода зарурати тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар бахшҳои […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)-ро ба густариши ҳамкориҳои мутақобилаи минтақавӣ дар бахшҳои гуногун даъват намуд.

Аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии СҲИ дар Теҳрон Эмомзода зарурати тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва бахши кишоварзиро таъкид доштааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони ҳамаи 10 кишвари узви Созмон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок доранд ва ин чорабинии панҷрӯза дар Теҳрон то 17 декабр идома меёбад.

Созмони ҳамкории  иқтисодӣ –  ташкилоти  байнидавлатии  иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Сомзон таъсис доданд.

Соли 1992 боз 7 кишвар – Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба сафи ин Созмон пайвастанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.