Беш аз 22 ҳазор нафар соҳибкорон аз тиҷорат даст кашиданд

Давоми 10 моҳи соли равон 22,5 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд. Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷмҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зиёда аз 18,2 ҳазор нафар патентҳои худро супурда, боз беш аз 4,2 ҳазор нафари дигар шаҳодатномаҳои худ барои фаъолияти соҳибкориашонро ба мақомот баргардонидаанд. Дар Кумитаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми 10 моҳи соли равон 22,5 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд.

Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷмҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зиёда аз 18,2 ҳазор нафар патентҳои худро супурда, боз беш аз 4,2 ҳазор нафари дигар шаҳодатномаҳои худ барои фаъолияти соҳибкориашонро ба мақомот баргардонидаанд.

Дар Кумитаи андоз бар ин назаранд, ки бақайдгирӣ ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ «падидаи маъмулӣ аст». «Ҳадаф аз ташкили низоми «Равзанаи ягона» маҳз дар он ифода меёбад, ки соҳибкорон дар ҳама гуна вақт барои бақайдгирии оғози фаъолият ё қатъи он имкон дошта бошанд», – гуфтанд дар Кумита.

Зимнан таъкид шуд, ки тақрибан 95%-и соҳибкорони инифродие, ки бо сабабҳои гуногун соли равон ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, патент ё шаҳодатномаҳояшонро ҳанӯз соли 2000 дастрас кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти Кумитаи андоз, ба санаи 1 ноябри соли ҷорӣ шумори суъектҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 53,7 ҳазор ададро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли равон 29,7 ҳазор адад зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.