Бори нахуст дар Тоҷикистон 1 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд

Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ҳаҷми ангишти дар соли равон истихроҷшуда нисбат ба нишондиҳандаи умумии соли гузашта, ки барои ҷумҳурӣ рекордӣ шуморида мешуд, 130 ҳазор тонна зиёдтар аст. Зимнан зикр гардид, ки айни […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ҳаҷми ангишти дар соли равон истихроҷшуда нисбат ба нишондиҳандаи умумии соли гузашта, ки барои ҷумҳурӣ рекордӣ шуморида мешуд, 130 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.

Афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳуриро дар Вазорати мазкур ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои бузурги саноатӣ нисбат медиҳанд. Ба иттилои Вазорат, айни замон 208 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии мамлакат низ яке аз истеъмолгарони сершумори ангишт ба шумор меравад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, аҳолии деҳоти кишвар барои гарм нигоҳ доштани манзилу таҳияи ғизо аз ангишт истифода мекунанд.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 15 корхона машғул мебошанд. Конҳои «Фон-Яғноб», «Зиддӣ», «Назар-Айлоқ» ва «Сайёд» аз манбаъҳои нисбатан бузурги истихроҷи ангишт маҳсуб меёбанд.

Захираҳои ангишт дар корхонаҳои истихроҷ ва нуқтаҳои фурӯши он бо назардошти бақияи солҳои гузашта 153 ҳазор тонна арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 

тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд,

 ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.