Баррасии вазъи бозори асъор дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 15 декабри соли 2015 бо иштироки роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, сардорони мақомоти назоратӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳо маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид. Бино ба […]

asia+, asia+



Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 15 декабри соли 2015 бо иштироки роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, сардорони мақомоти назоратӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳо маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар маҷлиси ҳайати мушовара натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ оид ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, танзим ва назорати асъор, вазъи бақайдгирӣ, таъсис, фаъолият ва андозсупории корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки аз тарафи мақомоти прокуратура дар ин ҷода ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор 97 пешниҳод ва 174 амр ирсол карда, ба 42 санадҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, 66 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 887 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 139 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Ҳамчунин, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ зиёда аз 40 млн. сомонӣ маблағҳои зарар ва андозҳо ба буҷети давлат барқарор карда шудаанд.

Дар маҷлис Раиси ҳайати мушовара, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳама паҳлуҳои масъалаҳои баррасишаванда баҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати бартараф кардани камбудию қонунвайронкуниҳо ва ҳалли мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, ба роҳбарону масъулини вазорату идораҳои марбута тавсияҳои судманд дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.