Тоҷикистон ба эътилофи исломӣ таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ пайвастанист

ASIA-Plus

Дар мусоҳиба ба нашрияи умумиарабии «Аш-Шарк ал-Аусат» сафири Тоҷикистон дар Ар-Риёз Шариф Азамшо Латифзода  изҳор доштааст, ки Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ оид ба мубориза бо терроризм таҳти сарварии Арабистони Саудиро баррасӣ дорад. Сафир қайд кардааст, ки Тоҷикистон масъалаи шомил гардидан ба ин эътилофро бо фароҳам омадани имкони аввал ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор […]



Дар мусоҳиба ба нашрияи умумиарабии


«Аш-Шарк ал-Аусат»


сафири Тоҷикистон дар Ар-Риёз Шариф Азамшо Латифзода  изҳор доштааст, ки Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ оид ба мубориза бо терроризм таҳти сарварии Арабистони Саудиро баррасӣ дорад.

Сафир қайд кардааст, ки Тоҷикистон масъалаи шомил гардидан ба ин эътилофро бо фароҳам омадани имкони аввал ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ба гуфтаи Латифзода, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи январи соли оянда аз Ар-Риёз боздид ва бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дидору гуфтушунид анҷом доданист ва имкон дорад, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо сари масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла имкони иштироки Душанбе дар эътилофи исломӣ гуфтушунид кунанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 15 декабр Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси эътилофи исломӣ «барои мубориза бо терроризм аз нигоҳи низомӣ ва идеологӣ» маълумот мунташир кард.

Ба ин эътилоф ба ҷуз худи Арабистони Саудӣ, боз 33 кишвар: Миср, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Бангладеш, Баҳрайн, Бенин, Туркия, Тунис, Сенегал, Серра-Леоне, Судон, Сомали, Фаластин, Қатар, Кувайт, Лубнон, Либия, Мали, Малайзия, Нигер, Нигерия, Яман, Чад, Того, Габон, Гвинея, Ҷибути, Марокаш, Кот-д”Ивуар, Мавритания, Малдив и Ҷазираҳои Комор шомил гардиданд.

Боз беш аз 10 кишвари ҷаҳон бо шумули Индонезия аз таъсиси чунин эътилоф пуштибонӣ намуданд. Ситоди муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баргузории амалиёти низомии эътилоф дар Ар-Риёз ҷойгир хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.