Болоравии маоши ба кормандони буҷет ваъдашуда тобистон дар назар аст

Пайрав Чоршанбиев

Ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, стипендия ва музди меҳнати кормандони буҷетро тобистони соли равон дар нақша дорад. Зимни нишасти хабари рӯзи 11 январ раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар дар ин робита изҳор намуд, ки болоравии музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоии моҳи сентябри соли гузашта ваъдашуда моҳи июн-июли соли […]



Ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, стипендия ва музди меҳнати кормандони буҷетро тобистони соли равон дар нақша дорад.

Зимни нишасти хабари рӯзи 11 январ раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар дар ин робита изҳор намуд, ки болоравии музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоии моҳи сентябри соли гузашта ваъдашуда моҳи июн-июли соли ҷорӣ амалӣ мешавад.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ, ҳукумат натавонист, ки уҳдадориҳои назди кормандони буҷет гирифтаашро ба иҷро расонад.

Ёдрас мекунем, ки ар 

паёми худ ба парлумон

 аз 23 январи соли 2015 президенти мамлакат

 изҳор дошта буд

, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.


Барои иҷрои ин супориш аз буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҷудо гардидани 329 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.