Суғд: Сокини хоҳарашро бо табар қатлкарда ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини 66-солаи шаҳри Хуҷанд Раҳим Содиқов, ки хоҳари 62-солааш Муътабар Мирзоеваро барои баҳси мерос – манзили волидон бо табар ба қатл расонида буд, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи мазкур Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд […]



Сокини 66-солаи шаҳри Хуҷанд Раҳим Содиқов, ки хоҳари 62-солааш Муътабар Мирзоеваро барои баҳси мерос – манзили волидон бо табар ба қатл расонида буд, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи мазкур Анвар Воситзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд айбдоршавандаро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2, бандҳои «В,Е,И» (Куштани бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст; бо бераҳмии махсус ва бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷўӣ ё бандитизм) гунаҳкор эътироф намуда, ба ӯ ҳукм содир кард.

Ба гуфтаи ӯ, Содиқов Раҳим тахминан соати 17:00-дақиқаи 13 октябр, дар ҳолати мастӣ дар манзили зисташ бо хоҳари 62-солааш Муътабар Мирзоева аз барои мерос ба муноқиша пардохта, ӯро бо табар таъқиб мекунад ва дар назди театри “Наврасон”-и шаҳри Хуҷанд ба ӯ расида, бо табар чанд маротиба ба ҷисми зан зарба мезанад, ки дар натиҷа хоҳараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.