Як зумра раисони шаҳру навоҳӣ аз кор озод шуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардид.

Арбобзода Қодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд.

Нозирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, Маннонзода Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.

Салимзода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Русулови вилояти Суғд таъин шуда, Ҳакимзода Сангимуроди Дӯстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гардид.

Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардид ва Таваккалзода Абдуҷон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод шуд.

Раҷабзода Салоҳиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон таъин шуда, Хуҷамурод Фазлиддин бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод гардид.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таъин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан ба синни нафақа озод шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.