Пешниҳоди тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии ҷумҳурӣ (Конститутсия) омода шудааст, ки шояд тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул карда шаванд. Имрӯз  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар дар лаҳзаи охир вакил Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод намуд, ки тағйироту иловаҳои аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ ва аъзои палатаи болоии парлумон пешниҳодгардида […]



Дар Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии ҷумҳурӣ (Конститутсия) омода шудааст, ки шояд тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул карда шаванд.

Имрӯз  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар дар лаҳзаи охир вакил Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод намуд, ки тағйироту иловаҳои аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ ва аъзои палатаи болоии парлумон пешниҳодгардида дар кумита ва комисссияҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои қабули онҳо санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян карда шавад.

Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуданд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия махфӣ омода гардида, айни замон аз моҳияту муҳтавои он ҳатто худи вакилони мардумӣ ҳам огаҳӣ надоранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки тағйироту иловаҳои мазкур метавонанд ба моддаҳои Конститутсия дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ (манъи бақайдгирии ҳизбҳои дорои хусусияти динӣ) дахл дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.