Раиси МТС: касе бо мо душманӣ кунад, пушаймон мешавад

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки аз ҷониби Эрон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок ба Конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват шудани собиқ раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ метавонад ба муносибатҳои байни кишварҳо таъсири манфӣ расонад. «Мо инро рафтори хасмона, эҳтиром нагузоштан нисбат ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунем», – […]

ASIA-Plus



Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки аз ҷониби Эрон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок ба Конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват шудани собиқ раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ метавонад ба муносибатҳои байни кишварҳо таъсири манфӣ расонад.

«Мо инро рафтори хасмона, эҳтиром нагузоштан нисбат ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунем», – гуфт ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ба андешаи ӯ, чунин рафтор метавонад ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки «мо талош дорем дар сатҳи хуб нигоҳ дорем», халал ворид созад. «Ин албатта ба манфиати ҳеҷ кадоме аз мо нест», – иброз дошт раиси МТС.

Номбурда қайд кард, ки «вақте аз ҷониби касе амалҳои ҳадафмандонаи душманона эҳсос мешавад, ҳамеша ҳушёр мебояд буд». «Аз ин рӯ, сафири Эрон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ

ёддошти эътироз

супурда шуд», – гуфт ӯ.

Раиси МТС таъкид дошт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ намуда, бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судманд дорад. «Аммо кишварҳое, ки нисбат ба мо ба амалҳои душманона роҳ медиҳанд, пушаймон хоҳанд шуд», – афзуд Худойбердӣ Холиқназар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Бо дастгирии ТИКА 10 зан касби дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии “Моҳру” барои занони деҳаи Шарораи шаҳри Ҳисор барномаи омӯзиши дӯзандагиро амалӣ...

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.