«Тоҷик Эйр» яке аз ширкатҳои бехавфи ҳамлу нақл дар Осиёи Марказӣ

Портали мустақили Airlinerating.com шурӯъ аз соли 2013 пайдарҳам ширкати ҳавопаймоии австралиягии Qantas-ро бехавфтарин ширкати ҳавопаймоии ҳамлу нақл дар ҷаҳон эътироф намуд. Дар мониторинги мазкур ба сурати умум 407 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон иштирок кардаанд. Ба 20-гонаи бехавфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли ҷаҳон тибқи фарзияи Airlinerating.com аз ҳама бештар ширкатҳои амрикоӣ – чор ширкат (аз ҷумла American […]



Портали мустақили Airlinerating.com шурӯъ аз соли 2013 пайдарҳам ширкати ҳавопаймоии австралиягии Qantas-ро бехавфтарин ширкати ҳавопаймоии ҳамлу нақл дар ҷаҳон эътироф намуд. Дар мониторинги мазкур ба сурати умум 407 ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон иштирок кардаанд.

Ба 20-гонаи бехавфтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли ҷаҳон тибқи фарзияи Airlinerating.com аз ҳама бештар ширкатҳои амрикоӣ – чор ширкат (аз ҷумла American Airlines ва United Airlines), ду ширкати ҷопонӣ, ду ширкати Аморати Муттаҳидаи Араб (Emirates и Etihad Airways) ва ҳамчунин ширкатҳои австралиягӣ (бо шумули Qantas) шомил гардидаанд. Ба 20-гонаи беҳтарин ширкатҳои аврупоии Finnair, KLM-и голландӣ, Lufthansa-и олмонӣ Virgin Atlantic-и бритониёӣ низ дохиланд.

Дар маҷмӯъ баҳои баландтарини 7 балл дар бахши бехатариро аз 407 ширкат 148 ширкатҳои ҳавопаймоӣ соҳиб шудаанд.

Ҳамчунин миёни ширкатҳои ҳавопаймоии минтақаи Осиёи Марказӣ низ ширкатҳои бехавфтарини ҳамлу нақл номбар шудаанд. Ҳамин тариқ, ширкати миллии ҳавопаймоии «Tajik Air» аз 7 балли баландтарин – 3 балл, ширкати миллии ҳавопаймоии Turkmenistan Airlines – 4 балл, «Air Astana»-и Қазоқистон – 5 балл, Uzbekistan Airways – 6 балл ва MIAT Mongolian Airlines – 7 балл гирифтаанд. Аз ширкатҳои Қирғизистон дар рейтинг ном бурда нашудааст.

Боз 50 ширкати ҳавопаймоӣ 3 баллӣ ва камтар аз онро касб намудаанд. Даҳ ширкати ҳавопаймоӣ аз Индонезия, Непал ва Суринам ҳамагӣ 1 баллӣ гирифтаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.