Муоинаи тиббии навхонадорон ҳатмӣ мешавад

Аваз Юлдошев

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи ин тағйирот, пеш аз издивоҷ навхонадорон ба мақомоти САҲШ бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ […]



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи ин тағйирот, пеш аз издивоҷ навхонадорон ба мақомоти САҲШ бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи солимиашон ва мутобиқати хунашон барои таваллуди кӯдакони солимро пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тағйироту иловаҳо бо супориши президент, ки 6 марти соли гузашта дар вохӯриаш бо занони ҷумҳурӣ садо дода буд, омода шудаанд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти никоҳ миёни хешовандони наздик ҷалб намуда, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва адлия дастур дода буд, ки ба аҳолӣ оқибатҳои чунин издивоҷҳоро шарҳ диҳанд ва бо мақсади пешгирии издивоҷ миёни хешовандони наздик, барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои дахлдор пешниҳодҳо омода созанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.