Соли гузашта шумори рекордии донишҷӯёни тоҷик ба хориҷа фиристода шуданд

Меҳрангез Турсунзода

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли гузашта шумори рекордии толибилмони тоҷикро барои таҳсили минбаъда дар макотиби олӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристод. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2015 ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ тибқи квота беш аз 4,5 ҳазор нафар толибилмони тоҷик фиристода шуда, […]



Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли гузашта шумори рекордии толибилмони тоҷикро барои таҳсили минбаъда дар макотиби олӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристод.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2015 ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ тибқи квота беш аз 4,5 ҳазор нафар толибилмони тоҷик фиристода шуда, соли 2014 ин нишондиҳанда 3 ҳазору 685 нафарро ташкил дода буд.

Нуриддин Саид қайд кард, ки ба Тоҷикистон квотаҳои таҳсил асосан аз ҷониби Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Корея, Кипр ва Беларус ҷудо карда шуда, шумори умумии ин кишварҳои хориҷӣ ба 30 адад мерасад.

«Дар бораи мустақилона барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтани тоҷикистониён мо омори расмӣ надорем. Аммо таъкид карданиам, ки аз 4 ҳазору 512 нафари тибқи квота соли гузашта барои таҳсил ба хориҷа сафарбаршуда, танҳо 600 нафарашон тибқи шартнома таҳсил карда, таҳсили боқимонда бепул аст ва агар хубу аъло таҳсил кунанд, боз идрорпулӣ ҳам мегиранд», – гуфт вазир.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон бештар ба кадрҳои тиббӣ ва ҳавонавардон эҳтиёҷ дорад, «вале мутаассифона квотаҳо аз рӯи ин ихтисосҳоро танҳо Русия ва қисман Чин пешниҳод мекунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.