Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масоли марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба чор қонуни ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд
.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҷаласа имрӯз вакилон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ»-ро муҳокима мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар ҷаласа баррасии масъалаи марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон низ дар назар аст.


