Боздошти сокини 52-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони нашъаҷаллобӣ

ASIA-Plus

Кормандони милитсия сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як зани 52-соларо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 390 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, инчунин дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ иловатан 1 […]



Кормандони милитсия сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як зани 52-соларо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 390 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, инчунин дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ иловатан 1 килою 446 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардида, ҷамъи маводи нашъадори дарёфшуда 1 килою 836 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон ҷазо додааст. ҳар яке беш аз 200 соат ба корҳои ҳатмӣ...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...