Кумитаи ҳифзи муҳити зист: корхонаҳои сементбарорӣ ба экология зараровар нестанд

ASIA-Plus

Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Шамс Назаров имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки корхонаҳои сементбарории дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони Чин сохташуда ба вазъи экологии ҷумҳурӣ зараровар нестанд. Ба гуфтаи номбурда, ин иншоот тибқи созишномаҳои дуҷониба бунёд гардида, асосан бо технологияҳои чинӣ муҷаҳҳазанд. «Корхонаҳои сементбарорӣ ба тамоми талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, бо беҳтарин ҳавософкунакҳо […]



Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Шамс Назаров имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки корхонаҳои сементбарории дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони Чин сохташуда ба вазъи экологии ҷумҳурӣ зараровар нестанд.

Ба гуфтаи номбурда, ин иншоот тибқи созишномаҳои дуҷониба бунёд гардида, асосан бо технологияҳои чинӣ муҷаҳҳазанд. «Корхонаҳои сементбарорӣ ба тамоми талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, бо беҳтарин ҳавософкунакҳо таъминанд», – гуфт Ш.Назаров.

Зимнан зикр гардид, ки мушкилоти ин самт дар Тоҷикистон фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аст, ки аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА сохта шуда, дубора комилан таҷҳизонида шудааст. «Солҳои аввал дар Марказ корҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд, аммо дастгоҳи поккории сулфур ҳоло пурра кор намекунад», – қайд кард ӯ ва илова намуд, ки «худи Марказ ҳанӯз пурра сохта нашудааст».

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2014 навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истифода шуд. Зикр гардида буд, ки Марказ ба тамоми меъёру талаботи экологӣ ҷавобгӯ буда, бо назардошти дастовардҳои муосири илму техника сохта шудааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллаҳои аҳолинишнин наздикии Маркази барқу гармидиҳӣ аз чангу тумани зиёди ғуборолуди хориҷшаванда аз қубурҳои ин марказ шикоят мекунанд.

Қобили зикр аст, ки навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 то соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...