Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Коми барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро  ба осебдидагон расонед».

Ёдрас мекунем, ки ин фоҷеа дар кони ангишти «Северная» рӯзи 25 феврал рух дода, бар асари он 36 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар робита ба ин ҳодиса дар Ҷумҳурии Коми се рӯз мотам эълон шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.