Машқҳои бузургмиқёси артиши Тоҷикистону Русия

ASIA-Plus



Дар қаламрави панҷ тамрингоҳи низомии гарнизони Хатлон аз 15 то 20 март машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия баргузор мешаванд, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» доир мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. «Шумори хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав»  гузаронида мешаванд.

Қайд шуд, ки ба ин машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.