Сафир ба амрикоиҳо доир ба Тоҷикистон маълумот дод

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим зимни суханронӣ дар Маркази байнулмилалии савдо ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон ба ҳозирин доир ба имконоти сармояугзорӣ дар Тоҷикистон, захираҳои обиву энергетикӣ, сайёҳӣ, рушди коммуникатсия ва бахши аграрии ҷумҳурӣ маълумот дод.

Дар маърӯзаи худ дипломати тоҷик аз ҷумла ба масъалаи талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба се ҳадафи стратегӣ – раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Фарҳод Салим ҳамчунин ба саволҳои сершумори иштирокдорони чорабинӣ, ки миёнашон намояндагони сохторҳои расмии ИМА ва доираҳои тиҷоратӣ, дипломатҳо, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд, посух гуфт.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон бо мусоидати ширкати The Washington Intergovernmental Professional Group, ба ташкили вохӯриҳо бо аъзои Конгресс ва дипломатҳои хориҷии муқими пойтахти ИМА машғул аст, созмон дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.