Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 13 марти соли 2016 дар Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе
Фестивали фарҳангии Ҷопон “Рӯзҳои Ҷопон”
баргузор мешавад.
Фестивали мазкур нахустин намоиши фарогири фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумиати ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта даромадаш ройгон ва аз нишондиҳӣ ва намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои Ҷопон иборат ҳаст.
Муҳтавои “Рӯзҳои Ҷопон”, ки давоми ду рӯз идома меёбанд, аз рӯйдодҳои зайл иборат ҳаст:
“Рӯзҳои Ҷопон” рӯзи шанбе 12 март соати 10:00 бо намоиши
Икэбана,
санъати набоботӣ, аз ҷониби Устоди расму оинҳои анъанавии ҷопонӣ хонума Ямада Мидорӣ оғоз меёбад. Ҳамзамон тамоми рӯз дар утоқҳои махсус нишондиҳии
Шодо
, хаттотии анъанавии ҷопонӣ ва
Оригами
, намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғазро наққош пешоҳанг хонума Зухро Бахрололумӣ муаррифӣ менамояд, ба марази тамошо вогузор мегарданд. Худи ҳамон ҷо утоқҳое омода мешаванд, ки тамошобин метавонад либоси суннатии ҷопонӣ
Юката
-ро бипушад ва бо бозичаҳои чӯбини анъанавӣ шиносоӣ пайдо кунад. Илова бар он, донишҷуёни Тоҷик, ки дар Ҷопон таҳсил намудаанд, намоишномаи нодире барпо мекунанд, ва қиссаҳои аҷоиб ва таҷрибаи ҳаёту зиндагии хеш дар Ҷопон сӯҳбат менамоянд.
Дар нимаи дуввӯми рӯз аз соати 13:00 консертҳои
Кото
ва
Шамисен
намоиш дода мешаванд. Консерт ҳамвора бо Намоиши Муд –
Кимоно
баргузор мегардад. Асбобҳои анъанавии торӣ
Кото
ва
Шамисен
аз ҷониби ҳунармандони шинохта Устодон Наталя Голубинская ва Наталя Григорович аз Консерваторияи шахри Маскав садо медиҳанд. Дар идомаи Намоиши Муд, ҳозирин имконияти нодире пайдо мекнунад, то аз рангорангии Кимоно, ки онро дар ҳолатҳои мухталиф мепӯшанд, ҳаловат баранд.
Ҳамвора тамои рӯз сеанси
филмҳои муосири тасвирӣи ҷопонӣ ва Анимэ
нишон дода мешаванд. Сараввал “Гулбоғи суханварӣ” ва баъдан филми ҳунаии “Аз ман ба Ту” пешкаш мегардад.
Дар рӯзи якшанбе, 13 март ҳамвора якчанд чорабинӣ дар идомаи рӯз баргузор хоҳанд гашт. Дар нимаи аввали рӯз намоиши кутоҳи Анимэ “Садои ситораи дур” ва дар пайомади он боз филми дигаре аз “Гулбоғи суханварӣ” нишондода мешаванд.
Дар баробари ин дар утоқҳои махсус
Сёдо, Оригами, бозичаҳои суннатӣ ва Юката ба
марази намоиш гузошта мешаванд ва аз ҳозирин даъват мешавад, то дар якҷоягӣ вориди онҳо гарданд.
Шурӯъ аз соати 11:30 рӯйдоди бозавқи
Мочӣ
иҷро мешавад. Мочӣ – ғизои суннатии ҷопонист, ки аз ьиринҷи куфта омода мешавад. Ҳозирин метавонад ҳангоми омодасозии Мочӣ ширкат варзанд ва баъдан аз он таъомул кунанд. Ҳамзамон Устоди
Садо,
санъати омодасозии маросими чойтаёркуниро, ки лаҳзаи фориғболӣ ба вуҷуд меоварад, пешниҳод менамояд.
Дар нимаи дуввӯми рӯз консерти Кото ва Шамисен бо садои ботаровати асбобҳои суннатии торӣ идома меёбад. Баъдан соати 14:00 намоиши ҳунарҳои маъруфи ҳарбзании ҷопонӣ, ки дар маҷмӯъ
Будо фестивал
ном дорад, Варзишгарон аз Федератсияҳои
Ҷудо, Айкидо, Каратэ, Сумо, Кудо, Каратэ тамоси кулл, Кёкушинкай – каратэ
ва ғайра ба ҳозирин пешниҳод мегардад.
Баъди намоиши ҷаззоби Будо рақси суннатии ҷопонӣ
Ава-Одорӣ
иҷро мешавад. Ватани рақси нодири Ава-Одорӣ ҷазираи Сикоку ба ҳисоб меравад. Раққосон зери идораи Устоди рақси ҷопонӣ Ава-Одорӣ ба марази тамошо ҳаракатҳои мавзуну латиф гузошта аз ҳозирин даъват ба амал меоранд, то ба рақси онҳо ҳамроҳ шаванд.
Рӯйдодҳои дурӯзаи “Рӯзҳои Ҷопон” ба сифати имконияти намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон хизмат менамояд ва барои тамошобинон имконияте хубе пайдо мекунад, то дар муҳити воқеӣ аз фарҳангу анананаҳои Чопон ҳаловат баранд.



