Ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ дар Хуҷанд то ҷашни истиқлолият

Имрӯз дар маркази вилояти Сугд – шаҳри Хуҷанд сокинони бинои баландошёнаи № 20, маҳаллаи “Масҷиди савр”,ки дар буриши хиёбони ба номи И. Сомонӣ ва кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ҷойгир  аст, соҳиби тӯҳфаи наврӯзӣ гаштанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони бино соҳиби маҷмаи фароғатию варзишӣ гаштанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии […]



Имрӯз дар маркази вилояти Сугд – шаҳри Хуҷанд сокинони бинои баландошёнаи № 20, маҳаллаи “Масҷиди савр”,ки дар буриши хиёбони ба номи И. Сомонӣ ва кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ҷойгир  аст, соҳиби тӯҳфаи наврӯзӣ гаштанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони бино соҳиби маҷмаи фароғатию варзишӣ гаштанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими кушодашавии он муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаб ва зиёиёни вилоят ширкат намуданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Заробиддин Файзуллозода, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ аз қабили бозиҳои миллии кӯдакону наврасон, ороиши дастурхон ва намоиши хони наврӯзӣ тамошо карданд. Кӯдакону наврасон бошад дар васфи наврӯзу ватан, ободии диёр шеъру таронаҳо хонда, ҳамзамон анъанаҳои наврӯзиро иҷро намуданд.

Маҷмааи фароғатию варзишӣ, ки аз 6 майдончаҳои ҷудогона барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол иборат аст, бо маблағгузории бештар 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинони бинои мазкур бунёд гардид.

Дар бинои баландошёнаи зикргардида бештар аз 500 нафар  дар 84 оила иқомат доранд, ки давоми 30 соли охир барои кӯдакону сокинони маҳалла барои машғул шудан ба варзиш ва фароғат имконияти мувофиқ мавҷуд набуд. Дар баробари ин барои кадбонуҳо оташдону танӯр ва ҷойи пухтани таом бо шароиту риояи талаботи мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳа супориш дод,ки минбаъд чорабиниҳои варзишии байни дастаҳои маҳаллаҳои шаҳр дар ин маҷмаи нави фароғатию варзишӣ баргузор гардад.

Лозим ба ёдоварист,ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гаштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".