Иштироки ҳавопаймоҳои бомбафкани Ту-22М3 дар размоиш дар Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3-и Неӯҳои низомии кайҳонии Русия ҷиҳати иштирок дар размоишҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳи низомии «Толмачёво» дар вилояти Новосибирск ба фурудгоҳи «Айнӣ» дар наздикии шаҳри Душанбе (30 километр дуртар) омаданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия, бори нахуст тӯли 30 соли ахир ин […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймоҳои бомбафкан ба масофаи дури мушакбари Ту-22М3-и Неӯҳои низомии кайҳонии Русия ҷиҳати иштирок дар

размоишҳои муштараки

Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳи низомии «Толмачёво» дар вилояти Новосибирск ба фурудгоҳи «Айнӣ» дар наздикии шаҳри Душанбе (30 километр дуртар) омаданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия, бори нахуст тӯли 30 соли ахир ин ҳавопаймоҳо вазифаҳои тамриниву ҷангӣ дар фазои Осиёи Марказиро ба иҷро мерасонанд.

Тибқи ҳадафҳои зикршуда ҳавопаймоҳо ба урдӯгоҳҳои шартии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар машқгоҳҳои доманакӯҳи Помири Шарқӣ бо бомбаҳои 500-килоӣ зарба мезананд.

Қаблан ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25СМ, чархболҳои зарбазани Ми-24 низ аз фурудгоҳҳои низомии «Толмачёво» ва «Кант» (Қирғизистон) ба фурудгоҳҳои фаврии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд, ки дар размоиши муштараки нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия иштирок мекунанд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода қаблан ба «Азия-Плюс»

иттилоъ дода буд

, ки ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия, ки аз 15 то 20 март дар панҷ тамрингоҳи гарнизони Хатлон доир мегарданд, 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ сафарбар мешаванд.

Дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.

Машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат