Дар Ҳисор журналистонро қадрдонӣ карданд

Имрӯз дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори ҳукумати ноҳия бахшида ба ҷашни рӯзи матбуот чорабинӣ доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, давлатӣ ва мустақилро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт. «Имрӯз мардум дар симои журналистон ҳимоягарони манфиатҳои худро мебинанд ва чӣ гуна қабул шудани он […]



Имрӯз дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори ҳукумати ноҳия бахшида ба ҷашни рӯзи матбуот чорабинӣ доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, давлатӣ ва мустақилро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.

«Имрӯз мардум дар симои журналистон ҳимоягарони манфиатҳои худро мебинанд ва чӣ гуна қабул шудани он аз ҷониби мардум ба инъикоси воқеъбинонаи шумо вобаста аст», – иброз дошт раиси шаҳр.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки баҳри вусъати ҳамкорӣ бо ВАО ояндаи наздик назди ҳукумати шаҳр маркази матбуотӣ таъсис дода шуда, ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ барои журналистон таҳти унвони «Қаламаи созанда» озмун гузаронида мешавад.

Дар навбати худ журналистон ба ҳукумат таъсиси радио ва телевизиони маҳаллӣ ва ҷоизаи ҳамасолаи ба номи Акбари Саттор барои журналистонро пешниҳод намуданд.

Қобили зикр аст, ки чунин вохӯрӣ бо рӯзноманигорони ҷумҳурӣ дар Ҳисор бори нахуст доир мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор идораи газетаи шаҳрии «Ҳисори Шодмон», маҷаллаҳои «Ҳисори зарнисор» ва «Маорифи Ҳисор», ҳамчунин 18 нафар намояндагони ВАО-и гуногуни давлатӣ ва мустақилро, ки зодаи Ҳисор буда, дар инъикоси мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ кард.

Миёни рӯзноманигороне, ки ба ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд, хабарнигори ҳафтавори «Минбари халқ» – Алиҷон Ҷӯраев, директори радиои «Садои Душанбе» – Махфират Юсуфӣ, директори телевизиони СМТ – Ӯруни Назар, муҳаррири рӯзномаи «Имрӯз Нюс» – Назири Нусрат, наворбардори хадамоти иттилоотии телевизиони ВВС – Суҳроби Зиё, хабарнигори газетаи «Азия-Плюс» Манижа Қурбонова ҳузур доштанд.

Тибқи баъзе маълумот, имрӯз дар васоити ахбори умуми гуногуни ҷумҳурӣ беш аз 150 нафар журналистон – зодагони Ҳисор фаъолият мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.