Сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров ба Покистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раиси Ассамблеияи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқи рӯзҳои 14-18 март ба Покистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сафар дар Исломобод дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф, […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раиси Ассамблеияи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқи рӯзҳои 14-18 март ба Покистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сафар дар Исломобод дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси сенати ин кишвар Ризо Раббонӣ, раиси Асссамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ, мушовири нахуствазири Покистон оид ба умури амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Покистон Сартоҷ Азиз дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Насиба Содиқова ва Мирзоанвар Аҳмедов ҳамроҳӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат