Чорабинии фарҳангӣ-фароғатии ВКД барои журналистон

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар машқгоҳи таълимии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар он намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла аз Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», шабакаи телевизионии «Мир», хабаргузориҳои “РИА Новости”, «Азия-Плюс», «Омӯзгор», «Озодагон», «СССР», «Фараж», Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дигар рӯзноманигорони бахшҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Тибқи нақша рӯзноманигорон соати 8-00 тавассути нақлиёти хизматӣ аз назди бинои маъмурии ВКД ба ин мавзеи хушбоду ҳаво раҳсипор шуданд. Пас аз истеъмоли хӯроки субҳона доираи васеи журналистон бо роҳбаладии роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷумъа, муовини Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Мансур Бухоризода ва дигар шахсони масъул аз бошишгоҳи саҳроӣ ва шароити таълимии Воҳидоти махсуси ВКД дар ин мавзеъ шинос шуданд.

Дар оғози суханронии худ роҳбари Дастгоҳ аз номи Вазири корҳои дохилӣ ҳамаи рӯзноманигоронро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, ба онҳо дар ҷодаи эҷод барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар идомаи суханронии худ роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода иброз намуд, ки соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин Машқгоҳи таълимӣ ташриф оварда, дар шароити тантанавӣ онро мавриди истифода қарор дод.

Таҳти роҳбаладии роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ хабарнигорон аз синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи сарбозон, нуқтаи тиббӣ, ошхонаи тобистонаву зимистона, майдончаҳои варзишӣ, нуқтаи идоракунии амалиёт дидан намуда, аз кору фаъолияти ин марказ ошноӣ пайдо намуданд.

Барои болидарӯҳӣ ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ мусобиқаи варзишӣ, аз намуди шоҳмоту шашка ва домино доир карда шуд. Пас аз ба анҷом расидани сабқат гурӯҳи рӯзноманигорон ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват гардиданд.

Баъдан дар чорабинии мазкур бахшида ба рӯзи матбуот, озмуни ҳозирҷавобон гузаронида шуда, вобаста ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саволу ҷавоб баргузор гардид, ки намояндагони ВАО дар он иштироки фаъолона намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои баргузоргардида туҳфаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ супорида шуд. Намояндагони ВАО аз баргузории чунин як чорабинии хотирмон миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ баён намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.