Довталабии 9 номзад ба 2 курсии Маҷлиси намояндагон

Ба интихоботи миёндаврии пеш аз муҳлат ба ҷойи ду вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ба санаи 10 апрел таъин шудааст, 9 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Ба интихоботи миёндаврии пеш аз муҳлат ба ҷойи ду вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ба санаи 10 апрел таъин шудааст, 9 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – номзадии ҳуқуқшинос Эмомалӣ Насриддинов, Ҳизби сотсиалистӣ – номзадии омӯзгор Мавлуда Раҷабова, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – номзадии иқтисодчӣ Сарвиноз Маҷидова ва Ҳизби демократ – номзадии Ҳикматулло Саидовро пешбарӣ намудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд ҲХДТ – номзадии роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода, Ҳизби коммунист – номзадии Ҳикмат Саидов, Ҳизби аграрӣ – номзадии Илҳом Аҳмедовро пешбарӣ карда, ғайр аз ин, боз ду сокинони маҳаллӣ – Зулайхо Маҳкамова ва баҳодур Акрамов ба сифати номзадҳои худпешбаришуда иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова