Оташгирии автомашина ва ҳалокати 3 нафар дар роҳи Душанбе – Норак

Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Норак, дар қаламрави деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат рух дод, автомашина оташ гирифта се нафар ба ҳалокат расиданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, марди 26-солаи сокини шаҳри Норак ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти […]



Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Норак, дар қаламрави деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат рух дод, автомашина оташ гирифта се нафар ба ҳалокат расиданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, марди 26-солаи сокини шаҳри Норак ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи марди 30-солаи сокини н.Ёвон, ки аз самти ноҳияи Ёвон ба ш.Душанбе ҳаракат мекард, бармехӯрад. 

«Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш, автомашинаи “Опел-Астра”-и дуюм оташ гирифта, мусофирони он: зани 20-сола, марди 17-сола ва марди 36-солаи сокинони ш.Норак ба ҳалокат мерасанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”-и якум: марди 27-сола, 29-сола ва 60-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, марди 18-солаи сокини ш.Норак, инчунин мусофири дигари ҳамин автомашина, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нашудааст, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".