Ҳафтаи маърифати молиявии Global Money Week дар Тоҷикистон

Соли дуюм аст, ки Тоҷикистон пайдарпай дар Ҳафтаи байнулмилалии маърифат (саводнокӣ, дониш)-и молиявии Global Money Week, ки аз 14 то 21 март доир мегардад, ширкат меварзад. Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли наврас ва ҷавонон аз масоили молиявӣ нигаронида шуда, ҳамасола дар 124 кишвари саросари ҷаҳон гузаронида мешавад. Чорабинӣ бо ибтикори созмони байнулмилалии […]

ASIA-Plus



Соли дуюм аст, ки Тоҷикистон пайдарпай дар Ҳафтаи байнулмилалии маърифат (саводнокӣ, дониш)-и молиявии Global Money Week, ки аз 14 то 21 март доир мегардад, ширкат меварзад.

Чорабинии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли наврас ва ҷавонон аз масоили молиявӣ нигаронида шуда, ҳамасола дар 124 кишвари саросари ҷаҳон гузаронида мешавад.

Чорабинӣ бо ибтикори созмони байнулмилалии Child and Youth Finance International дар шарикӣ бо ниҳодҳои салоҳиятдор дар маҳалҳо доир мегардад, ки инҳо дар Тоҷикистон Бонки милии Тоҷикистон ва шарикони он дар симои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон мебошанд.

Чун дар соли гузашта ҳафтаи мазкур бо иштироки бевоситаи барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва мабалғгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD) доир гардида, дар доираи он дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ семинарҳои интерактивӣ баргузор мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки аз 9 то 17 март дар доираи Global Money Week дар 14 мактабҳои шаҳрҳои Хуҷанлу Душанбе ва ҳамчунин 8 ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ доир ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ аз масоили молиявӣ чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Дар ин семинарҳо 689 нафар хонадагони мактабҳои миёна ва олӣ иштирок карданд. Дар саросари ҷаҳон ташабббуси Global Money Week 5,6 млн. нафар толибилмонро фаро мегирад.

Барномаи FFPSD бо супориши Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) бо маблағгузории муштараки Вазорати умури рушди байнулмилалии Британия (DFID) аз ҷониби GIZ гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.