Амали террористӣ дар Анқара 34 кушта бар ҷой гузошт

Дар амали террористие, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбе дар пойтахти Туркия – шаҳри Анқара содир шуд, 34 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Reuters бо истинод ба вазири тандурустии Туркия Мехмет Муаазиноғлу дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки айни замон 125 нафари аз ин амал осебдида дар бемористонҳо бистарӣ буда, вазъи 19 тан аз онҳо хеле […]



Дар амали террористие, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбе дар пойтахти Туркия – шаҳри Анқара содир шуд, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба вазири тандурустии Туркия Мехмет Муаазиноғлу дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки айни замон 125 нафари аз ин амал осебдида дар бемористонҳо бистарӣ буда, вазъи 19 тан аз онҳо хеле вазнин аст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳадди ақал 1 ё 2 нафари ҳалокшудагон бар асари таркиш худи террористони амалро содиркарда мебошанд.

Вазири корҳои дохилии Туркия Эфкан Ала изҳор доштааст, ки сабаби таркиш автомобили минагузоршуда аст ва имрӯз тафтишоти ин амали террористӣ ба анҷом расида, аз натиҷаҳои он хабар дода мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор дар шафати боғи Гювен, каме дуртар аз нуқтаи бузурги баҳамоии нақлиёти шаҳри Анқара ба вуқӯъ пайваста, террористи маргталаб автомобили минагузоришударо дар паҳлӯи истгоҳи автобусҳо мавриди инфиҷор қарор додааст.

Ба гуфтаи намояндаи сохторҳои қудратии Туркия, алҳол ҳеҷ кадоме аз созмонҳои террористӣ масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".