Оғози фаъолияти боз як бонк дар Тоҷикистон

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Стандарт молия» таъсис […]

ASIA-Plus



Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ки ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Стандарт молия» таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони кишвар ба шумор мераванд.

Гуфта мешавад, ба бонк табдил додани ҶДММ ТАҚХ «Стандарт молия» доираи анҷом додани амалиётҳои бонкиро васеъ намуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки номи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.