Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон мебошад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумиттаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори форум, ки бо ҳамоҳангиии Кумитаи мазкур омода […]



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон мебошад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумиттаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори форум, ки бо ҳамоҳангиии Кумитаи мазкур омода ва баргузор гардид, беш аз 100 нафар соҳибкор аз ду кишвар иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим кори форумро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони бизнес-форумро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуд ва афзуд, ки дар шароити кунунӣ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон,ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ асос меёбад, ботадриҷ равнақ меёбанд.

Дар идома раиси Кумитаи изҳор дошт: «Мо ҳарду ҷониб дар ҳамаҷониба таҳким ва васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳавассманд мебошем, ки он на танҳо асоси боэътимод барои маҷмуи муносибатҳо , балки имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Айни ҳол Тоҷикистон як қатор барномаю лоиҳаҳои  аз  нигоҳи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷолиб омода намудааст.

Дар шароити кунунӣ, ки талабот ба неруи барқ ҳамарўза меафзояд, ин самт на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақа афзалияти иқтисодӣ дорад.

Иқтидори неруи обии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар як сол беш аз 530 млрд. кВт/соат неруи обии барқӣ истеҳсол карда шавад. Барномаҳои энергетикиии Тоҷикистон, махсусан сохтмони истгоҳҳои барқии обӣ афзалияти реалии  иқтисодӣ ва стратегӣ доранд. Мо нисбати ҷалби тарафи Туркменистон дар амалишавии имкониятҳои бузурги Тоҷикистон дар самти неруи оби манфиатдорем.

Мо имконияти васеи ҷалби сармоягузорӣ дар коркарди захираҳои табиӣ дорем. Дар кишвари мо беш аз 600 кони истихроҷи маъданҳои минералӣ ва ва захираҳои табиӣ муайян ва омода карда шудаанд. Аз  ҷумла, 100 кони минералӣ танҳо 60 намуди маводҳои минералӣ истихроҷ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки  имкониятҳои аграрии Тоҷикистон, махсусан сабзавоту мева ва зироатҳои техникӣ, ҳамчунин дар самти саноати химия тиб ва истеҳсоли ва гиёҳҳои шифобахш хеле зиёд аст».

Қодири Қосим зикр кард, ки соли 2015 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон 109,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 0,7 млн. доллари ИМА ё худ 0,6% камтар аст.

«Тамоили коҳиши ҳаҷми муомилоти моли миёни кишварҳо боиси нигаронӣ буда, бозгӯи имконоти бузургест, мо истифода накардаем ва умедворем, ки соли ҷорӣ муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии мо ба пешравиҳои назаррас ноил мегарданд», – таъкид дошт раиси Кумита.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".