Кордзании тоҷик ба озарбойҷонӣ дар Петербург

Шоми рӯзи 13 март назди хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Гертсени шаҳри Санкт-Петербург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо кордкашӣ ба анҷом расид. Дар ин бора васоити ахбори умуми маҳаллӣ хабар медиҳанд. «Тахминаи соатҳои 20-00 зимни муноқиша ва ҷанҷолу занозанӣ, ки бинобар сабаби хусумати шахсӣ рух дод, шаҳрванди Тоҷикистон ба зодаи Озарбойҷон […]



Шоми рӯзи 13 март назди хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Гертсени шаҳри Санкт-Петербург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо кордкашӣ ба анҷом расид. Дар ин бора васоити ахбори умуми маҳаллӣ хабар медиҳанд.

«Тахминаи соатҳои 20-00 зимни муноқиша ва ҷанҷолу занозанӣ, ки бинобар сабаби хусумати шахсӣ рух дод, шаҳрванди Тоҷикистон ба зодаи Озарбойҷон бо корд зарба зада, ҷабрдида дар бемористони №26 бистарӣ шуд», –

хабар додааст

ба Life 78 як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Хабаргузории

«Фонтанка»

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин муноқиша ба собиқ ҳамсари зодаи Тоҷикистон рабт доштааст.

«Мақомот гунаҳкори ҳодисаро боздошт ва айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кору таҳқиқанд», – менависад

Rusargument

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".