Шоми рӯзи 13 март назди хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Гертсени шаҳри Санкт-Петербург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо кордкашӣ ба анҷом расид. Дар ин бора васоити ахбори умуми маҳаллӣ хабар медиҳанд.
«Тахминаи соатҳои 20-00 зимни муноқиша ва ҷанҷолу занозанӣ, ки бинобар сабаби хусумати шахсӣ рух дод, шаҳрванди Тоҷикистон ба зодаи Озарбойҷон бо корд зарба зада, ҷабрдида дар бемористони №26 бистарӣ шуд», –
хабар додааст
ба Life 78 як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Хабаргузории
«Фонтанка»
дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин муноқиша ба собиқ ҳамсари зодаи Тоҷикистон рабт доштааст.
«Мақомот гунаҳкори ҳодисаро боздошт ва айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кору таҳқиқанд», – менависад
Rusargument
.



