Миёни афроде, ки бар асари амали террористӣ дар пойтахти Туркия – шаҳри Анқара куштаву захмӣ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти пешакии аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия расида, дар байни ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони ҷумҳурии мо нестанд.
Ёдрас мекунем, ки дар
амали террористие
, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбе дар пойтахти Туркия – шаҳри Анқара содир шуд, 34 нафар ба ҳалокат расиданд. Айни замон 125 нафари аз ин амал осебдида дар бемористонҳо бистарӣ буда, вазъи 19 тан аз онҳо хеле вазнин аст.



